Аз 9 то 18 август дар шаҳри Қунияи Туркия 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ баргузор мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 47 варзишгар муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар бозиҳо иштироки беш аз 3000 варзишгар аз 57 давлати узви Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ дар назар аст. Аз ҷумла, бо қарори Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 64 нафар (47 варзишгар) ба Қуния сафарбар мегардад.
Ба барномаи бозиҳо 20 намуди варзиш: варзиши сабук, камонварӣ, баскетбол, бочча, велосипедронӣ, шамшербозӣ, футбол, гимнастика, ҳендбол, ҷудо, каратэ, кикбоксинг, тирпаронии варзишӣ, шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таеквондо, волейбол, варзиши вазнин, гуштини варзишӣ ва камонварии анъанавӣ ворид шудааст. Ҳамчунин дар намудҳои тенниси рӯи миз, варзиши сабук, шиноварӣ ва камонварӣ мусобиқаҳо миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд доир мегардад.
Варзишгарони мо дар ҳашт намуди варзиш – варзиши сабук, камонварӣ, ҷудо, каратэ, тенниси рӯи миз, таеквондо, варзиши вазнин ва гуштини варзишӣ сабқат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз соли 2005 ҳар чор сол як маротиба доир мегардад. Варзишгарони тоҷик дар бозиҳо ҳамагӣ 6 медал (як тилло, як нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст овардаанд.