Овозхон ва блогнависи шинохтаи тоҷик Абдурозиқ Эгамов, ки ӯро ҳамчун хурдҷуссатарин овозхон дар ҷаҳон ҳам муаррифӣ мекунанд, ба навиштаи як нашрияи покистонӣ, барои нақшофарӣ дар филми Болливуд даъват шудааст.
Ба иттилои радиои “Овози тоҷик” ба нақл аз рӯзномаи “Daily Pakistan” рӯзи 3-юми август Салмон Хон дар саҳифаи инстаграммааш навишт, ки Абдурозиқи 18-сола дар як филм бо ин ситораи ҳиндӣ нақш бозӣ мекунад ва намоишномае, ки номи шартиаш “Бародар” аст, бо ширкати онҳо соли оянда дар пардаи синамо пайдо хоҳад шуд.
Ба навиштаи рӯзнома, наворбардории филми мазкур аллакай моҳи июн дар як деҳаи Мумбай шурӯъ шуд ва он аз ҷониби коргардони ҳиндӣ Фарҳод Самҷӣ сабт шуда истодааст. Филм мазҳакавӣ буда, нақши асосиро дар он худи Салмон Хон меофарад.
«Ман бисёр хушҳол ва ҳатто дар ҳаяҷонам, ки дар Болливуд якҷоя бо Салмон Хон дар як филм ҳастам. Ҳеҷ гоҳ, ҳатто дар хоб ҳам боре тасаввур намекардам, ки рӯзе бо чунин ситораи маъруф филме наворбардорӣ мекунам. Ман сахт кӯшиш хоҳам кард, то исбот намоям, ки интихобам дар ин нақш тасодуфӣ нест, — иқтибос овардааст нашрияи субҳгоҳии Дубай – “Масала” аз қавли Абдурозиқ.
Қаблан Абдурозик дар Ҳиндустон ҳамроҳ бо Салмон Хон вохӯрда, аксбардорӣ карда буданд. Дар як навори дигар онҳо якҷоя суруди «Папа Кеҳте Ҳаин Бада Наам Карега»-ро аз эҷоди Амир Хон сароидаанд.