Дар натиҷаи бориши зиёд дар Эрон 90 нафар ҷон бохтанд. Дар ин бора рӯзи чоршанбе, 3 август агентии «Tasnim» гузориш дод.
Зикр гардид, ки боз 8 каси дигар бе ному нишон гаштаанд. Қаблан аз фавти 69 нафар хабар дода буданд. Обхезӣ, ки дар натиҷаи бориши зиёд ба амал омадааст, охирҳои моҳи июл аз 31 музофоти Эрон 24-тои онро фаро гирифт.
Иттилоъ дода мешавад, ки тақрибан 60 шаҳр ва 516 деҳот, инчунин 85 роҳ зарар дидаанд. Бештар аз ҳама Бахтиёрия, Исфаҳон, Язд, Луристон, Мозандарон, Теҳрон ва Чаҳормаҳал зарар дидаанд. Ҳоло 1332 нафар ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, 5215 каси дигар бо бошишгоҳҳои муваққатӣ таъмин гардидаанд ва сокинони 944 хонаро тахлия намудаанд.