Беш аз як ҳафта мешавад, ки ҷангалзорҳои қисмати ҷанубу ғарби Фаронсаро алангаи оташ фаро гирифтааст.
Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, сухтори ҷангалзорҳо дар натиҷаи гармои бесобиқаи ҳаво ба амал омада, он боиси хароб шудани беш аз 10 000 гектар ҷангал гардидааст. Барои хомӯш кардани сӯхтор беш аз 1000 нафар оташнишонҳо ва ҳавопаймоҳо ҷалб карда шудаанд.
Тавре шабакаи телевизионии МИР 24 иттилоъ медиҳад, сухтори шадид дар қисмати ҷанубу ғарби Фаронса ба минтақаҳои аҳолинишин таҳдид намуда истодааст. “То ҳол беш аз 10 000 нафар ба минтақаҳои амн интиқол дода шудаанд. Зеро алангаи оташ ба маҳалли аҳолинишин таҳдида намуда, даҳо хонаро тахриб намудааст”,- хабар медиҳад МИР 24.
Аз сабаби шамоли сахт хомуш кардани оташ нихоят душвор гардида, то ҳол ба кормандони хадамоти изтирорӣ муясар нагардидааст, ки сухторо хомуш кунанд.
Баҳруллои Абдулло