Дар Канада зиёда аз 1000 ҳолати гирифторӣ ба бемории сироятии “Сурхакони маймун” тасдиқ карда шудааст. Бештари ҳолатҳои сироятёбӣ дар музофоти Онтарио, Квебек, Алберта ва Юкон ба қайд гирифта шудаанд.
Бино ба изҳороти мақомоти тандурустии Канада шумораи сироятёфтагон дар оянда метавонад афзоиш ёбад.
Ҳамзамон, мақомотти Молдова низ аз пайдо гардидани бемории “маймун” дар кишвараш хабар дод. Қаблан Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тавасути як изҳорот аз кишварҳои ҷаҳон хост, ки дар самти пешгирӣ намудани ин беморӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Ёдовар мешавем, ки хуруҷи бемории “сурхакони маймун” аз моҳи майи соли 2022 дар чанд манотиқи ҷаҳон мушоҳида шудааст, ки он ҳоло дар як қатор кишварҳои Африқо Аврупо ва Осиё низ паҳн гардидааст.