Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) рӯзи панҷшанбе пешгӯиҳои худро дар бораи рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва талабот ба нафт дар соли ҷорӣ бознигарӣ кард,- хабар медиҳад агентии иттилоотии Синхуа.
Дар гузориши созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) омадааст, ки интизор меравад, афзоиши ММД дар ҷаҳон соли ҷорӣ то 3,1% поён равад. Моҳи майи соли 2022 ОПЕК пешгӯии рушди ҷаҳонии соли равонро аз 3,9% то 3,5% поин бурда буд.
Бино ба иттилои манбаъ, хавфҳое, ки бо иқтисоди ҷаҳонӣ рӯбарӯ мешаванд, шиддати геополитикӣ ва занҷири таъминот, пандемияи COVID-19, афзоиши таваррум, сатҳи баланди қарзи давлатӣ дар бисёр минтақаҳо ва шиддатнокии интизории пулӣ дар ИМА, Британияи Кабир, Ҷопон ва минтақаҳои Аврупоро дар бар мегиранд.
ОПЕК инчунин пешгӯӣ мекунад, ки талаботи ҷаҳонии нафт ба ҳисоби миёна тақрибан 100 миллион бушка дар як рӯз хоҳад буд. Таҷдиди назар аз «интизорҳо дар бораи барқарор кардани маҳдудиятҳои марбут ба COVID-19 ва номуайянии ҷории геополитикӣ» дар нимаи дуюми сол сурат мегирад.