
Дирӯз, комиссари олии ҳуқуқи башари СММ, Мишел Бачелет дар як изҳороти расонаӣ аз ҳалокати теъдоди зиёди фаластиниҳо, аз ҷумла кӯдакон дар навори Ғаза изҳори нигаронӣ кард.
«Зарар додан ба кӯдакон ҳангоми муноқиша хеле нигаронкунанда буда, кушта ва маҷруҳ кардани ин қадар кӯдакон дар соли ҷорӣ аз ҷиҳати ахлоқӣ қобили қабул нест» гуфт Мишел Бачелет.
Дафтари Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи башар (OHCHR) рӯзи панҷшанбе марги 48 фаластиниро дар рӯзҳои 5-7 август тасдиқ кард. Дар миёни онҳо дастикам 22 ғайринизомӣ, аз ҷумла 17 кӯдак ва чаҳор зан будаанд.
Тибқи маълумоти Дафтари Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи башар, дар ҳоле ки пас аз ташдиди авзоъи ахир дар Ғазза оташбас эълон гардид, ҳануз ҳам ташаннуҷ дар Каронаи Ғарбӣ идома дорад. Рӯзи 9 август дар он ҷо чаҳор фаластинӣ кушта, 90 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Баҳруллои Абдулло