Варзишгари навраси тоҷик Хайёмҷон Чуянов дар шаҳри Абу — Даби бо мағлуб кардани рақибонаш нишони заррини Чемпионати Ҷаҳонро ба даст овард, хабар медиҳад ТВ варзиш.
Бино ба иттилои манбаъ, дар рӯзи аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ (ММА) аз ҳунарнамоии 9 варзишгари кишварамон 7 медал ба хазинаи Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Тоҷикистон ворид шуд.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони навраси 42 кишвари ҷаҳон ширкат варзида истодаанд ва ҳоло Тоҷикистон аз ҳисоби ба даст овардани медалҳо дар зинаи 2-юми ҷадвал бо 3 нишони тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ қарор дорад. Миёни кишварҳои Осиёи миёна кишвари мо дар садри ҷадвал аст.
Натиҷаи рӯзи якуми варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ (ММА) миёни наврасони 12-13 сола, дар Абу-Даби чунин аст:
3 нишони тилло
1️ нишони нуқра
3️ нишони биринҷӣ
Имрӯз аз рӯи синну соли 14-15 сола ва пагоҳ аз рӯи синну соли 16-17 сола варзишгарони тоҷик боз баромад мекунанд.