Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 17-уми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҷараён дорад, ки дар кори он раисони судҳои олии Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, намояндагони давлатҳои нозир ва ҳайати ҳамроҳонашон иштирок доранд. Дар ин бора Камол Тураев, сардори бахши иттиллоти Суди олӣ ба Мирсаиди Хайрулло, хабарнигори радиои бурунмарзии “Овози тоҷик” иттилоъ дод.
Ба иттилои Камол Тураев, дар ҷаласа муовини Котиби генералии СҲШ Григорий Логвинов, муовини директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Артур Голованов ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ Зариф Ализода ширкат доранд.
Ҷаласаро Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ифтитоҳ бахшида, оид ба муҳимияти ҳамкорӣ миёни давлатҳои аъзои СҲШ ва моҳияти мавзӯъҳои баррасишаванда сухан гуфт.
Зикр гардид, ки фаъолияти муштараки судҳои олии кишварҳои аъзо дар самти такмили қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ дар кори ба амал баровардани адолати судӣ, ҳамгироии низоми ҳуқуқӣ ва таҳкими муколамаи байналмилалӣ саҳми назаррас дорад. Аз ин лиҳоз, минбаъд низ ҳамкории судманд миёни судҳои олии давлатҳои аъзои СҲШ бояд идома ёбад.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ Зариф Ализода дар ҷаласа доир ба ҳамкории судманди сохторҳои дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ ва дастовардҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ибрози назар намуд.
Зимни ҷаласа дар назар аст, ки раисони судҳои олии давлатҳои аъзои СҲШ, судҳо ва дигар иштирокчиёни ҷаласа оид ба муҳимияти мавзӯъҳои баррасишаванда, рушди қонунгузории кишвари худ, дар ҳамин замина беҳтар гардонидани таҷрибаи судӣ ва роҳҳои инкишофи минбаъдаи ҳамкории мақомоти судӣ дар соҳаҳои гуногуни татбиқи ҳуқуқ андешаҳояшонро баён доранд.
Дар охири ҷаласа изҳороти муштараки раисони судҳои олии давлатҳои аъзои СҲШ қабул гардида, тибқи он дар назар дошта шудааст, ки минбаъд низ миёни судҳои олии давлатҳои аъзо ҳамкории судманд идома дода шавад.