Дар шаҳри Душанбе масъалаи идораи самараноки партовҳо ва пластик барои муҳофизати муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Ҳамоиш бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш дар якҷоягӣ бо Маркази экологии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, Ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона» ва иштироки шарикони рушд, намояндагони вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо доир гашт. Дар он муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ Абдулқодир Мавлодод сухан гуфт.
Масъулони сохторҳои кумита бо маърузаву нишон додани рӯнамоҳо оид ба мавзӯъҳои мавриди назар баромад намуданд. Аз ҷониби намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ таҷрибаи ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Гурҷистон оид ба идоракунии партовҳои пластикӣ дар шакли рӯнамо пешниҳоди иштирокдорон карда шуд.
Дар қисмати дигари ҳамоиш миёни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифта, барои иқдоми ҳамгироёна оид ба муомилоти оқилона бо партовҳо, аз ҷумла партовҳои пластикӣ таклифу пешниҳодҳои судманд карда шуданд.