Доктор Мунис Аҳмар, нависандаи маъруфи покистонӣ, дар матлабе барои рӯзномаи «Экспресс Трибюн»-и ин кишвар навиштааст, Толибон аз шикастҳои гузашта сабақ нагирифтаанд ва идомаи зулми Толибон бар мардуми Афғонистон ин кишварро ба сӯи боз як чанги шањрвандї мекашонад.
Ба гузориши радиои «Овози тоҷик», ба нақл аз Омоҷ, Аҳмар ҳукмронии Толибон дар Афғонистон пас аз як солро арзёбӣ карда, ба ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои густурда барои занон, маҳрумият аз ҳуқуқҳои аслии мардум, беэътиноӣ ба гурӯҳҳои этникӣ, вазъи бади молии шаҳрвандон ва нақзи таањњуди Толибон дар Давҳа ишора кард. Созишнома дар бораи паноҳ додани раҳбарони гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла Ал-Қоида дар Кобул, афзуд, ки ин кишвар ба марҳилаи дигари хушунат ва ҷанги шаҳрвандӣ мегузарад.
Ин нависандаи покистонӣ дар ин матлаб Толибонро дар баробари мардум ба бепарвоӣ нисбат ба гунањгор дониста, гуфтааст, ки «Толибон ба гуногунандешии сиёсӣ, Қонуни Асосӣ ва баробарии ҳамаи афғонҳо бовар надоранд ва масъулияти худро дар баробари мардум эҳсос намекунанд.»
Вай афзуд, бо гузашти як соли режими Толибон ва талошҳои онҳо барои ба даст овардани машрӯъият аз ҷаҳон, Толибон мехоҳанд, Афғонистонро ҳамчун як давлати асримиёнагӣ ва ҷудо аз воқеиятҳои ҷаҳони муосир идора кунанд.
Дар ин матлаб бо ишора ба таҷрибаи озодии нисбии ҷавонон дар бист соли ахир афзуда мешавад, ки афғонҳо тоқат дар баробари режими саркубкунандаи Толибон тамом шуда ва намехоҳанд маҳдудиятҳои густурда дар арсаи таълиму тарбия, шуғли занон, тафрењ ва дигар ифодаҳое, ки ба пешравї халал мерасонанд надоранд . .
Ин нависандаи покистонӣ таъкид кардааст, ки агар мардуми Афғонистон барои коҳиши хушунат, даргириҳои мусаллаҳона, фасод ва бесарусомонӣ бар зидди режими Толибон қиём кунанд, мо метавонем ба ояндаи беҳтари ин кишвар умедвор бошем
Доктор Аҳмар қайд кард, ки «азбаски Толибон бори дигар имкони ҳукмронӣ дар Афғонистонро пайдо карданд, онҳо метавонанд байни режимҳои қаблӣ ва кунунӣ фарқият эҷод кунанд.»
Доктор Аҳмар афзуд, «Толибон метавонистанд дар баробари шароити мавҷуд як равиши мӯътадилтар, осонтар ва қобили қабул бошад ва ба бандњои аслии тавофуқномаи Давҳа, аз қабили эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи занон ва љо накардани гурӯҳҳои террористии хориҷӣ пойбанд бошад. »
Ин ҳарфҳо дар ҳоле гуфта мешавад, ки Толибон ба оддитарин ҳуқуқҳои инсонии мардуми Афғонистон бовар надоранд ва ба ин далел ҳеҷ кишваре режими онҳоро эътироф накардааст.