Дирӯз, 25 август намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков мулоқот намуд.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ зоҳир намуданд.
Дар мулоқот асосан раванди тадорукоти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз интиқоли террористҳо”-ро, ки 18-19 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, мавриди баррасӣ қарор доданд.