Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бо директори намояндагии ташкилоти Хелветас дар Тоҷикистон Сулҳия Ҳайдарова мулоқот намуд, ки дар он ҷонибҳо асосан ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак марбут ба тағйирёбии иқлим ва бахши об таваҷҷӯҳ намуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои мониторинги сифати об ва баланд бардоштани иқтидор дар сатҳи техникӣ ва кадриро мавриди баррасӣ қарор доданд. Татбиқи ин тамоюл имкон медиҳад, ки захираҳо барои ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим сафарбар карда шаванд.
Ҳамзамон дар мулоқот доир ба дурнамои ҳамкории Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва ташкилоти Хелветас дар Тоҷикистон изҳори назар карда шуд.