Суннатулло Наврӯзов варзишгари навраси тоҷик дар муҳароҳибаи омехтаи ғайрикасбӣ-«IMMAF YOUTH WORLD CHAMPIONSHIP», ширкат ва мақоми аввалро соҳиб гардид. Мусобиқа санаи 17-уми августи соли равон миёни наврасони 12-17 сола дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид ва Суннатулло бо шикаст додани 4 рақибаш ғолиб шуд.
«Бори аввал аст, ки дар мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок мекунам. Дар беш аз 30 мусобиқаи дохилӣ иштирок намуда, мақомҳои аввалро соҳиб гардидаам. Аммо мусобиқаи хориҷи кишвар хеле фарқ мекард. Ба мушкилиҳои зиёд вохӯрдам. Дар мусобиқаи мазкур бо мағлуб кардани 4 рақиб мақоми аввалро соҳиб шудам.», — мегӯяд Суннатулло Наврӯзов.
Суннатулло зодаи шаҳри Бохтар буда, ҳоло дар Литсейи тамоюли технологии ин шаҳр дар синфи 6-ум таҳсил мекунад. Ӯ дар толори варзишии “ТEAMHOMIDOV” зери назари устодаш Азизҷон Ҳомидов тамрин мекунад ва то кунун ғолиби як қатор мусобиқаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ гардидааст.
«Вақте дар телевизион муҳорибаҳои Ҳабиб Нурмагамедовро медидам, дар майдони муҳориба худро ба ҷойи ӯ эҳсос менамудам. Аз ин лиҳоз, ба ин навъи варзиш шавқам пайдо шуд. Ба тими варзишии «TEAMHOMIDOV» пайвастам ва ӯли 7 сол аст, ки тамрин менамоям.»,-илова намуд қаҳрамони мо.
Азизҷон Ҳомидов, мураббии Суннатулло мегӯяд, ин наврас хушахлоқ аст ва рафтори Сунатулло онҳоро водор кардааст то бештар бо ӯ кор кунанд:
«Зеро, итминон доштем, ки Суннатулло варзишгарӣ моҳир мегардад. Ӯ дар мусобиқаҳои дохилӣ бо омодагии комил зафарияташро нишон дода мақомҳои намоёнро соҳиб мегардид. Акнун ӯ дар мусобиқаи байналмилалӣ байни наврасони 12-17-сола, ки дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид бо мағлуб намудани 4 рақиби хеш ҷойи аввалро сазовор гардид ва аз ин муваффақияти Суннатулло «TEAMHOMIDOV» ифтихор мекунад.»,-гуфт ин мураббӣ.
Суннатулло Наврӯзов миёни 42 давлати дунё парчами кишварамонро боло бардошт. Баъди бозгашт ба Ватан ӯро дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳр Қурбон Қурбонзода, сардори Раёстаи кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, мураббиён, ва варзишгарон пешвоз гирифтанд.
Аз ҷониби раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода, ба волидони Суннатулло сипосномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва ба худи ӯ ҷоизаҳои пулӣ тақдим карда шуд.