Мақомоти маҳаллии Толибон дар вилояти Ҳирот тасдиқ карданд, ки Мавлавӣ Муҷиб-ул-Раҳмон Ансорӣ бар асари таркиш дар масҷиди Гозаргоҳи Ҳирот кушта шудааст. Гуфта мешавад, ки бародари Мавлавӣ Ансорӣ ва 13 муҳофизи ӯ низ дар миёни кушташудагон дар ин таркиш ҳастанд. Дар ин таркиш гурӯҳе аз намозгузорон низ ҷони худро аз даст доданд.Дар ин бора радиои»Овози тоҷик» дар истинод ба «afintl» хабар медиҳад.
Теъдоди дақиқи талафоти ғайринизомиён дар ин таркиш ҳанӯз маълум нест.
Мавлӣ Ансорӣ аз мунтақидони сарсахти ҳукумати қаблӣ ва ҷонибдори Толибон буд. Дар моҳи феврали соли ҷорӣ ӯ дар нишасти уламои Толибон дар Кобул гуфтааст, «агар касе дар назди ҳукумати кунунӣ саркашї кунад, сари ӯ бояд бурида шавад.»
Мавлавӣ Муҷиб ар-Раҳмони Ансорӣ воизи масҷиди Гозаргоҳи Ҳирот буд.
Ин рӯҳонӣ дар нишасти уламои Толибон дар Кобул аз пуштибонии қотеъонааш аз Толибон эълом карда ва дар ҳарфҳои тунди худ аз мухолифони гурӯҳи Толибон ҳушдор дода буд.
Солҳои гузашта бо суханрониҳои тунди худ ба яке аз чеҳраҳои баҳсбарангези расонаҳои Афғонистон табдил ёфт. Ӯ борҳо ба таблиғи хушунат, ихтилоф байни динҳо, бадбахтӣ ва баргузории мурофиаҳои саҳроӣ муттаҳам мешуд.