
5 сентябр дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия намоишгоҳи аксҳо бахшида ба 30-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Русия кушода шуд. Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Дар маросими ифтитоҳ роҳбарони ниҳодҳои сиёсати корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Русия Сергей Лавров ширкат намуданд.
Дар намоишгоҳ аксҳо ва ҳуҷҷатҳои нодир аз бойгонӣ, ки бозгӯкунандаи оғози ҳамкории ду кишвар буда, ба ташаккул ва рушди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Русия замина гузоштаанд, ба намоиш гузошта шудаанд.