Ба ду тоҷики муқими Русия дар ҷаласаи охири Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон, ки дар шаҳри Маскав баргузор шуд, ордени “Дӯстӣ” тақдим карда шуд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 нафар тоҷикони муқими Русия — Бобоҷон Шарифов, намояндаи Палатаи савдову саноати Русия дар Тоҷикистон ва Баҳром Ахмедов, табиби тоҷики муқими Русия бо ордени “Дӯстӣ” сарфароз гардонида шуданд, иттилоъ додааст саҳифаи фейсбукии Сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Тибқи иттилои манбаъ, тақдими орденҳо дар доираи ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба истиқболи 31-солагии Истиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Ордени “Дӯстӣ” медали давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо он арбоби давлатию ҷамъиятӣ, ходими илму фарҳанг, адабиёту санъат ва дигар шахсон барои фаъолияти содиқона ва пурмаҳсул ҷиҳати таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиатҳои иҷтимоии он, барои саҳми арзандаи шахсӣ дар рушд ва афзунгардонии иқтидори маънавӣ ва зеҳнии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.