24 сентябри соли 2026 дар ҳошияи иҷлосияи 81-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Габон хонум Мари-Эдит Тассила-Йе-Думбененӣ сурат гирифт.
Зимни мулоқот ҳамкориҳои Тоҷикистону Габон дар самтҳои мавриди назари ду кишвар баррасӣ гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баён намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот вазирон Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Габонро имзо намуданд.



