Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон зимни як мусоҳибааш гуфтааст афғонистониҳову Ҷабҳа бо “Толибон”*-у терроризм бо дасти холӣ меҷанганд, аммо барои мубориза ба ҳимояти ҷаҳонӣ ниёз доранд.
“Мардуми Афғонистон омодаанд муқобили “Толибон”* биистанд ва барои озодӣ мубориза кунанд, аммо ба ҳимоят ниёз доранд, чунки дасташон холӣ аст, — гуфтааст Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон зимни мусоҳиба бо рӯзномаи “Андин акспрес”.
Ба гуфта вай, муҳимтарин чиз ҳимояти сиёсӣ ва барномарезӣ аст. “Ҷабҳаи муқовимати камбуди тахассус, нерӯи инсонӣ ва сарбоз надорад, аммо камбуди тадорукот дорад”,-баён доштааст Аҳмад Масъуд.
“Мо аз як тараф як гурӯҳи террористӣ дорем, ки тавассути бархе аз кишварҳо ҳимоят мешаванд ва аз сӯйи дигар, мо меҳанпарастони демократик, миёнарави воқеии Афғонистонро дорем, ки барои кишвари худ алайҳи тероризми байналмилалӣ бо дасти холӣ меҷанганд”, — таъкид кардааст ӯ.