
24 сентябри соли 2026 дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сингапур Вивиан Балакришнан баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои об, рақамикунонӣ, молия ва рушди неруи инсонӣ, инчунин такмили заминаи шартномавию ҳуқуқӣ ва ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.



