Маҷмааи “Истиқлол” аз 121 метр баландӣ иборат аст, ки ин рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.
Масоҳати умумии маҷмааи 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад. Дар қисмати болои маҷмаа тоҷи қутраш 8 метра, ки аз титан сохта шудааст, ҷойгир мебошад. Пояи он пирамидаи ҳаштруя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад.
Маҷмааи майдони “Истиқлол” аз бахшҳои алоҳида иборат мебошад ва маҷмааи рамзи “Истиқлол” дар маркази боғ бино ёфтааст, ки аз берун атрофи онро 14 деворнигораи андозаи 9 бар 5,20 метр иҳота намудаанд. Дар ин 14 деворнигора таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик, вобаста ба марҳалаҳои таърихӣ бо аксу рамзҳо таҳти унвонҳои гуногун тасвир ёфтааст. Деворнигораҳо бо унвонҳои мухталиф аз қабили “Каюмарс ва Ҷамшед ҳамчун шоҳи аввалини ақвоми ориёӣ, шиносоӣ бо китоби Авесто”, “Ба сари қудрат расидани Куруши Кабир ва муттаҳид намудани сарзаминҳои ориёӣ”, “Муборизаи Спитамен бо Искандари Мақдунӣ” бо номи муҳорибаи “Санги суғдӣ”, доир ба се давлати абарқудрати аҷдодӣ — Ашкониён, Кушониён, Сосониён, “Деваштич. Давлатдории Тоҳириён ва Саффориён”, “Сомониён. Исмоили Сомонӣ. Вазирон, аҳли илму адаб”, “Тоҷикон дар асрҳои XI — XVI”, “Темурмалик – қаҳрамони халқи тоҷик”, дастовардҳои фарҳангии як марҳалаи тӯлонии таърихи ниёкон бо нишон додани акси китобу катибаҳои асримиёнагӣ ва намунаи санъату ҳунар, шоирону адибон аз Абдураҳмони Ҷомӣ то Аҳмади Дониш, доир ба шаҳрҳои бузурги таърихии тоҷикон Саразм, Гонур, Балх, Нисо, Марв, Самарқанд, Бухоро, Тахти Сангин, Хуҷанд, Панҷакенти қадим, Бунҷикат, Ҳулбук, Қалъаи Ҳисор, Ҳирот, Ғазна, “Таърихи нав. Сохтмонҳои бузург”, “Давраи истиқлолият. Қасри Арбоб, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Майдони Дӯстӣ, сохтмони аср – НБО-и “Роғун” ва дастовардҳои замони истиқлолият барои бинанда маълумот медиҳад.
Дар ошёнаи якуми Маҷмааи “Истиқлол” намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, намунаи дастовардҳои аҳли эҷод, толори синамо ва ҳуҷраҳои корӣ мавҷуд аст. Ошёнаи якуми иншооти мазкур аз 7 толори кушоду барҳавои намоишгоҳ, қабули меҳмонони олиқадр ва толори синамои 5D бо 12 ҷойи нишаст иборат мебошад. Дар ошёнаи дуюми Маҷмаа Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст. Осорхонаи шаҳри Душанбе аз галерея ва “Тахти тоҷикон” иборат буда, 15 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраи назорати камераҳои мушоҳидавӣ дорад.
Дар осорхона тахти рамзии Шоҳ Исмоили Сомонӣ, ки бо назардошти арзишҳои таърихӣ сохта шудааст, мавҷуд аст. Ин тахт пурра бо усули миллӣ ороиш ва кандакорӣ шудааст. Тоҷи дар болои тахт ҷойдодашуда аз тиллои тозаи истеҳсоли Тоҷикистон сохта шудааст. Тоҷро сангҳои қиматбаҳо, аз қабили алмосҳои диаметрашон 3 ва 2 миллиметра, ёқути кабуди диаметраш 15 миллиметр, тилло ва тиллои сафед ва лаъли Бадахшон бо андозаи 22 ба 15 миллиметра зинат медиҳанд. Дар рӯйи тахт фарри шоҳии тиллоӣ гузошта шудааст. Фарр, ки нишони давлатдорӣ ва тахту тоҷ аст, бо 68 шуои зардӯзӣ оро ёфта, бо тоҷи заррин пайваст шудааст ва ин ишора ба эҳёи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ва 68 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мебошад. Ҳар як риштаи зардӯзишуда бо риштаи филизии тиллоӣ кашида шудааст.
Аз ду тарафи тахт грифҳо ё худ шерҳои болдор бо минқори уқоб ҷойгир аст, ки бо шакли бозубанд аз Хазинаи Амударё ёфт шудааст. Бояд гуфт, ки тасвири шери болдор ҳамчун нигоҳдорандаи тахт ва қудрат байни мардуми Бохтари қадим хеле маъмул буд. Тахт дар байни чортоқ ҷойгир буда, атрофи онро сутунҳои чӯбини бо сангҳои қиматбаҳои маҳаллӣ ороёфта иҳота кардаанд. Паси тахт бо деворнигораҳои Панҷакенти Қадим, Варахша, Афросиёб ва Бунҷикат бо истифода аз сангҳои қиматбаҳо сохта шудааст.
Атрофи онро ҳафт калиди тиллоии рамзӣ аз ҳафт шаҳри қаламрави имрӯзаи ҷумҳурӣ Душанбе, Саразм, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Ямчун ва Хулбук, инчунин нусхаи намунаҳои санъати волои Хазинаи Амударё — бозубанди тиллоӣ ва Аробачаи тиллоӣ гузошта шудааст.
Яке аз ҷойҳои ҷолиби Маҷмааи рамзи “Истиқлол” майдони тамошои он мебошад. Он дар ошёнаи 14 дар сатҳи 94 метр ҷойгир аст. Майдони тамошо доирашакл буда, дорои 4 дурбини калонҳаҷм мебошад.
Масоҳати умумии Майдони “Истиқлол” 30 гектар буда, 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ташкил. Дар майдон беш аз 200 нафар сокини маҳаллӣ, ки шумораи зиёди онҳоро занон ташкил медиҳанд, бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Ин иншооти муҳташам аз Маҷмааи рамзи “Истиқлол”, минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, деворнигораҳо, майдони баргузории роҳпаймоӣ, гулгашт, таваққуфгоҳҳо ва ғайра иборат аст.
Дарвозаи марказии майдон, ки 43,8 метр дарозӣ, 9 метр паҳноӣ ва 32,67 метр баландӣ дорад, бо истифода аз масолеҳи баландсифат бунёд шудааст ва он дар қисмати хиёбони Рӯдакӣ воқеъ мебошад. Дар Майдони “Истиқлол” дар давоми ду сол дар ин майдон зиёда аз 7,5 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабзу ороишии нодир шинонида шуд.
Минбаъд дар дар ин мавзеи дилфиреб ва муъҷизаи нотакрори меъморӣ чорабиниҳои сатҳи олии ифодакунандаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии тоҷикон баргузор мегардад.