Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Баҳромзода Озар Орифӣ бо мушовири Сафири Подшоҳии Тайланд дар Қазоқистон хонум Орафаи Фубунлап Гунасилан баргузор гардид.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, миёни ҷонибҳо гуфтугӯи самимӣ сурат гирифта, муносибатҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар, аз қабили баргузории як қатор чорабиниҳо бахшида ба 30 – солагии муносибатҳои дипломатӣ, боздид аз мавзеъҳои таъриҳию фарҳангии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мулоқоти ҷонибҳо дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор шуд.