Дар рӯзи аввали кори Форуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷараён дорад, таълимгирандагони МД Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар дарси маҳорат оид ба санъати тасвирӣ ширкат намуданд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» хабар доданд.
Дар Форуми мазкур намояндагони 10 кишвар иштирок доранд.Таълимгирандагони мо дар он бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор доранд.
Ҳамоиш 24 август дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия оғоз гардида, то 28 август идома мекунад.
Тибқи барномаи форум, иштирокчиён дар зиёда аз 60 чорабинии гуногун ширкат меварзанд. Аз ҷумла, дар дарсҳои маҳорат ширкат варзида, бо ҳамсолони худ аз дигар минтақаҳо муошират менамоянд. Инчунин ба воситаи ин форум кӯдакону наврасони ин минтақаҳо бо якдигар табодули таҷрибаи эҷодӣ намуда, бо ҷойҳои ҷолиби диққати Москва ва мавзеъҳои таърихии он шинос мешаванд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш- дарёфти чеҳраҳои нав аз ҳисоби кӯдакони лаёқатманд, ки дар соҳаи фарҳангу санъат қобилияти барҷаста нишон додаанд, инчунин кушодани имконоти нав барои муколамаи байнифарҳангӣ ва намоиш додани дастовардҳои фарҳанги Русия миёни хурдтарин эҷодкорон мебошад.