Аз 13-ум то 18-уми сентябри соли равон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фестивали даҳуми байналмилалии филмҳои баҳории «Шоҳкории роҳи Абрешим» баргузор мешавад. Дар ин бора, Дурдона Расулова, хабарнигори бахши ӯзбекии радиои “Овози тоҷик иттилоъ медиҳад.
Ба зикри мухбир, дар ҷашнвора ширкати беш аз 300 коргардони синамо аз 35 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Дар чаҳорчӯби он беш аз 100 чорабиниҳо, муаррифӣ ва намоишҳо, суҳбату форумҳои мудаввар, маҳорат дарсҳо ва вохӯриҳои эҷодӣ баргузор мешаванд.
Фестивали филмҳо бо лоиҳаи анъанавии «Филм дар 5 рӯз» оғоз мешавад. Ба ин озмун 54 коргардони ҷавон аз ҳудуди 20 кишвари ҷаҳон даъват шудаанд. Онҳо филмҳои кӯтоҳмуддатеро ба навор мегиранд, ки дар бораи таърихи Ӯзбекистон, тарзи зиндагӣ, дигаргуниҳои имрӯза, инчунин арзишҳои умумибашарӣ нақл мекунанд ва ба комиссияи интихобӣ пешкаш хоҳанд кард. Ғолибони озмун дар ҷамъбасти ҷашнвора муайян ва мукофотонида мешаванд.
Имсол ба Ҷашнвора ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шаҳиён ва ҳузури ҳунармандон Қурбони Собир, Муҳаммадалӣ Маҳмадов, Мавлона Наҷмиддинова, Бароҳат Шукурова, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов, коргардонҳои ҷавон ва намояндагони васоити ахбори омма ташриф оварданд.
Дар ҷараёни ин ҷашнвора миёни раҳбарияти “Тоҷикфилм” ва Оҷонсии синамои Узбакистон дар мавриди оғози наворбардории филмҳои муштараки “Ҷомӣ ва Навоӣ” ва “Коинмас стизнар” музокирот сурат мегирад. Дар ин замина, “Рӯзҳои синамои тоҷик” рӯзи 15 сентябр дар Театри бузурги академии ба номи Алишер Навоӣ дар Тошканд доир мешавад.
Имсол филмҳои филмсозони тоҷик “Ёл” ва “Созмони Ҳамкории Шанхай: ду сол” намоиш дода мешаванд. Ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин дар чаҳорчӯби ҷашнвораи иконаҳо дар вилояти Хоразм филмҳои худро намоиш дода, бо мухлисони синамо мулоқот мекунанд. Дар озмуни «Филм дар 5 рӯз», ки ба барномаи ҷашнвора ворид шуд, синамогарони ҷавони Тоҷикистон Бибираҳима Ғоибова, Ҳусейн Азизов ва Тахмина Мӯъминова шарафи кишвари моро ҳимоя хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки ҷашнвораи филмҳои имсола ба рӯзҳои баргузории нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Тошкент рост меояд. Аз ин рӯ, «Рӯзҳои синамои СҲШ» низ ба рӯзномаи нишаст шомил карда шудааст. Дар чаҳорчӯби ин рӯзҳо шурӯъ аз 13 сентябр рӯзҳои филми кишварҳои узв, шарик ва нозири ин созмон баргузор мешаванд.
Маросими ифтитоҳи расмии ҷашнвора рӯзи 14 сентябр баргузор мешавад. Меҳмонони фахрии кинофестивал аз долони махсуси сурх гузашта, ба толори калоне, ки дар он маросими кушодашавии кинофестивал барпо мегардад, дохил мешаванд. Дар ин маросим намояндагони маъруфи синамои ҷаҳонӣ, аз қабили Ҳемма Малини, Анил Капур, Умеш Меҳра, Акшай Кумар, Бурак Озчивит, Каан Ургенҷиоғлу, Нургул Яшилчай, Азра Акин, Ипек Тузюоғлу, Люк Бессон ва Таукел Муслим ширкат хоҳанд кард.
Дар ин рӯз дар доираи «Рӯзҳои синамои кишварҳои хориҷӣ» рӯзҳои синамоии кишварҳое чун Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркия, Арманистон, Британияи Кабир, Исроил, Миср, Италия, Олмон, Полша, Бразилия, Эстония, Гурҷистон, Румыния, Малайзия, Молдавия, Япония, Франция ботантана барпо мегарданд.