Интизор меравад, ки Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ баргузор шавад. Ин чорабиниҳои фарҳангӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги кишвар сурат мегиранд.Ин нуқтаро Зулфия Давлатзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иброз намуд.
Тибқи иттилои номбурда, баргузории ин чорабиниҳои фарҳангӣ дар кишварҳои Эрон, Покистон ва Россия дар назар аст. Ҳадафи аслии онҳо густариш ва тақвияти равобиту ҳамкориҳои судманди фарҳангӣ ва ҳунарӣ бо ин кишварҳо мебошад.
“Айни ҳол тамоми имкониятҳо барои таҳкими робитаҳои дуҷонибаи фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷ вуҷуд дорад.
Ҳамзамон, барои тақвияти бештари ҳамкориҳо корҳои судманд анҷом шуда истодаанд”-, гуфт Зулфия Давлатзода.
Чорабиниҳои дар пеш истода барои табодули таҷриба, муаррифии бештари фарҳанги миллати тоҷик дар хориҷ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои нав мусоидат хоҳанд намуд.