Дар доираи Фестивали XIV байналмилалии Тошканд «Марворидҳои Роҳи Абрешим» як қатор лоиҳаҳои байналмилалии синамо муаррифӣ шуда, бо иштироки коргардонҳо, продюсерҳо ва ситораҳои синамои ҷаҳон вохӯриҳои эҷодӣ ва дарсҳои маҳорат баргузор мешаванд. Дар ин бора Дурдона Расулова, хабарнигори бахши узбекии радиои “Овози тоҷик” иттилоъ дод.
Дар доираи Фестивали кино дар филиали Институти давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. Герасимов дар шаҳри Тошкент донишҷӯёни ин Филилал ва иштирокчиёни гурӯҳи эҷодии лоиҳаи муштараки филми «Ҷомӣ ва Навоӣ» иштирок доштанд.
Ба зикри хабарнигор, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни сафараш ба Тоҷикистон пешниҳоди ба навор гирифтани филм дар бораи дӯстии мутафаккирони бузурги халқҳои тоҷику узбек — Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоиро карда буд ва ин пешниҳод аз ҷониби Президенти кишвари мо тасдиқ карда шуд.
Бояд гуфт, ки то кунун матннома ё сенарияи филми мустанади “Ҷомӣ ва Навоӣ”-ро гурӯҳи эҷодии иборат аз намояндагони ду кишвар омода карда, айни ҳол таҳриру илова ба он ворид шуда истодааст. Коргардони маъруфи фаронсавӣ Люк Бессон ба ҳайси мушовир барои ин филм даъват шудааст. «То имрӯз дар мавзӯи таърихӣ ду филм ба навор гирифтаам, — гуфт зимни суҳбат Люк Бессон, — аммо, иқрор мешавам, ки ман дар бораи ин ду намояндаи бузурги адабиёти халқҳои тоҷику узбек ба туфайли ҳамин лоиҳа фаҳмидам. Ман Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоиро, на танҳо ҳамчун шоири бузург, балки ҳамчун муборизони сулҳу субот кашф кардам. Филми мустанади таърихӣ дар байни воқеият ва афсона офарида мешавад. Мувозинатро катъиян назорат кардан лозим аст. Филм набояд аз воқеияти таърихӣ дур шавад ва дар баробари ин набояд ба хроникаи дилгиркунанда табдил ёбад. Бовар дорам, ки дар бораи устодон Ҷомӣ ва Навоӣ филми шавқовару пурмазмуни таърихӣ ба навор гирифта мешавад. Ман шодам, ки ин лоиҳаро пешниҳод карданд. Ба коллективи эҷодӣ муваффақият орзумандам”,-гуфт ин коргардони маъруфи фаронсавӣ.
Дар вохӯрии мазкур директори Студияи филмҳои ҳуҷҷатӣ ва хроникавии Узбекистон Фурқат Усмонов, узви Шӯрои бадеии Агентии кинематографияи Узбекистон Рустам Ҷабборов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов, олими тоҷик, профессор Шодимуҳаммад Сӯфизода суханронӣ намуда, ба Люк Бессон барои хамкории самарабахш изҳори миннатдорӣ намуданд.
Люк Бессон дар бораи нозукиҳои сценариянависӣ оид ба филмҳои мустанади таърихӣ маълумоти шавқовар дода, ба саволҳои иштироккунандагон посухҳои мушаххас ва қаноатбахш дод.