22 август ҳайати Комиссияи зиддикоррупсионии Фаластин, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, аз экспозитсияи Осорхонаи миллӣ дидан намуданд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ба меҳмонон намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” ва дигар толорҳои намоишии осорхона муаррифӣ карда шуданд, ки онҳо инъикосгари таърихи беш аз 6 ҳазор солаи халқи тоҷик мебошанд.
Пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ ҳайати Комиссияи зиддикоррупсионии Фаластин аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби қайди таассуроти “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ андешаҳояшонро дарҷ намуданд.