
Дар шаҳри Курски Федератсияи Россия аз ҷониби донишҷӯёни тоҷик Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта шуд.
Дар Донишгоҳи давлатии ҷанубу ғарбии шаҳри Курск наздики ҳазор донишҷӯи хориҷӣ аз 60 давлати ҷаҳон таҳсил мекунанд. Танҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷо 188 нафар донишҷӯ таҳсили илм менамоянд.
9-уми сентябри соли 2022 бо ташаббуси намояндагони донишҷӯёни тоҷик Фарҳод Пираков, Оламафрӯз Шарипов ва Маҳмадалӣ Мадкамов бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оши идона ташкил карда шуд. Дар чорабинии мазкур садҳо нафар донишҷӯ, раёсати донишгоҳ ва васоити ахбори оммаи маҳаллӣ — “Канал Сейм” ва “46ТВ” ширкат варзиданд.
Донишҷӯёни тоҷик дастаҷмъона аз субҳи содиқ машғули пухтани таъоми идона шуданд. Оши идона аз ҷониби донишҷӯи тоҷик Оламафрӯз Шарипов ва як гурӯҳ ҳамфикрон тайёр карда шуд, чун тайёр намудани чунин ҳаҷми таъоми идона ва ба мақсади хеш расидан кори осон набуд. Барои оше, ки дар деги 250 литра омода гардид, 30 кг биринҷ, 20 кг гушти гӯсфанд, 40 кг сабзӣ ва 8 литр равған истифода шуд.
Аввалин шуда, чашидани таоми миллӣ ба ректори Донишгоҳи давлатии ҷанубу ғарбӣ Сергей Емельянов насиб гардид. “Ошҳо ҳар намуд ҳастанд – тоҷикӣ, ӯзбекӣ. Монанд. Аммо ҳар яки онҳо як лаззате доранд”, — гуфт ректори донишгоҳ Сергей Емелянов
Хулоса, садҳо нафар донишҷӯёну муаллимон ба саҳни ҳавлии донишгоҳ шитофтанд. Хамаи онҳо аз маҳорати ошпазии ҷавонони Тоҷикистон мафтун гардиданд. Ош барои ҳама басанда буд. Ҳама қаноатманд буданд ва муҳимтар аз ҳама – ба серӣ хӯрданд.
“Аз самими қалб донишҷӯёни точикро бо Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мекунам. Хушбахтӣ, муҳаббат ва барори бузург!”, — гуфт дар анҷом Емелянов Сергей Геннадевич — ректори Донишгоҳи давлатии ҷанубу ғарбӣ.
АХБОРИ МОНАНД:



