
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон чанд лаҳза қабл дар шаҳри Душанбе Анҷумани VIII маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» оғоз гардид. Дар ин бора Дилнозаи Абдумалик, хабарнигори радиои “Овози тоҷик” дар такя ба маълумоти Шоҳхусрав Аюбзода, роҳбари маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз макони баргузории чорабинӣ иттилоъ дод.
Ба зикри мухбир, дар чорабинӣ аъзоёни Шӯро аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, намояндагони диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони бурунмарзӣ, коршиносон ва намояндагони маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» иштирок намуданд.
Дар ин рӯз, инчунин баргузории барномаҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ ва форуму мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар назар аст. Ҳамзамон, иштирокчиёни Анҷуман давоми рӯз аз НОБ “Норак” дидан намуда, дар он ҷо низ чанд барномаи худро доир хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар ҷаҳон 12 август Рӯзи байналмилалии ҷавонон таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ 17 декабри соли 1999 бо пешниҳоди Конфронси умумиҷаҳонии вазирон оид ба умури ҷавонон, ки 8-12 августи соли 1998 дар Лиссабон (Португалия) баргузор гардид, таъсис дода шудааст.