
Дар чаҳорчӯби барномаи Фестивали XIV баӣналмилалии синамои Тошканд “Марворидҳои Роҳи Абрешим” дар Ҷумҳурии Узбекистон “Рӯзҳои кинои Тоҷикистон” оғоз шуданд. Дар ин бора Дурдона Расулова, мухбири бахши узбекии радиои “Овози тоҷик” иттилоъ дод.
Ба иттилои мухбир, 13 сентябр дар Театри калони давлатии академии ба номи Алишер Навоӣ маросими ифтитоҳи “Рӯзҳои синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ синамогарони ду кишвар, кормандони Маркази миллии фарҳангии тоҷикон, ҳаводорони синамо ва намояндагони ВАО ширкат доштанд.
Дар чорабинӣ директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмасаид Шоҳиён, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов, муовини аввали директори генералии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шӯҳрат Ризаев ва коргардонҳои маъруфи филмҳои ҳарду кишвар суханронӣ карданд. Маҳмадсаид Шоҳиён зикр кард, ки коргардонҳои узбеку тоҷик солхо боз ҳамкорӣ доранду ҳунарманд дар филмҳои ҳамдигар нақш меофаранд ва дар маҷмӯъ, онҳо муштарак филмҳоро ба навор мегиранд.
“Дар ҳоли ҳозир баргузории Рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Рӯзҳои филмҳои узбекӣ дар Тоҷикистон ба як анъанаи хубе табдил ёфтааст, — гуфт Маҳмасаид Шоҳиён, — соле қабл филмҳои «Илҳоқ» ва «Парвози 101»-ро, ки ҳамкасбони узбеки мо офаридаанд, тамошобинони тоҷик гарму ҷӯшон пешвоз гирифтанд. Дар баробари ин, мо мехоҳем ба дӯстони узбеки худ як катор филмҳоеро, ки замони охир сохта шудаанд, нишон диҳем. Ба наздикӣ мо якҷоя банаворгирии филмҳои муштараки «Ҷомӣ ва Навоӣ»-ю «Ситораи ноаён»-ро оғоз мекунем”.
Шӯҳрат Ризаев, муовини аввали директори генералии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни суханронии худ гуфт, синамои узбеку тоҷикро дугоник номидан мумкин аст, зеро Комил Ёрматов ва Борис Кимёгаров барин кинематографистони машҳур дар санъати синамои ҳар ду мамлакат ҳиссаи сазовор гузоштаанд. Ҳунармандони узбек, ба мисли Ёдгор Саъдиев, Исамат Эргашев ва Тогон Реҷаметов дар бисёр филмҳои тоҷикӣ нақш бозида, Сайрам Исаева, Ато Мухаммадҷонов ва Тоҳир Собиров барин санъаткорони тоҷик дар филмҳои офаридаи кинорежиссёрҳои узбек нақшҳои фаромӯшнашаванда бозиданд. Ин анъана имрӯз хам давом дорад.
Баъд аз ҷаласаи ифтитоҳӣ филми бадеии «Роҳ» (коргардон Носир Саидов), ки онро Муассисаи давлатии «Тоҷикфильм» ба навор гирифтааст, ба тамошобинон намоиш дода шуд. Дар филм таносуби дигаргуниҳои ҷаҳонии имрӯз, арзишҳои миллӣ, муносибатҳои инсонӣ ва зиддиятҳо нишон дода шудаанд.
Дар доираи Рӯзҳои синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон филмҳои бадеӣ ва мустанади “Охирин сайди сайёд”, “Додараки фариштаҳо” ва “Ду соли фаъолияти СҲШ: роҳ ба сӯи муваффақият” ба намоиш гузошта мешаванд.