
Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Озмуни VII байналмилалии кишварҳои узви ИДМ «Санъати китоб» («Искусство книги») дар шаҳри Москва ғолиб гардид. Дар ин бора Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.
Ин озмун аз ҷониби Шӯрои байни давлатии ҳамкорӣ бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, паҳнкунии китоб ва полиграфӣ ташкил карда шуд. Китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», ки аз ҷониби Муассисаи табъу нашри «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 ба чоп расидааст, дар номинаи «Илм ва ҳаёт» («Наука и жизнь») ғолиби озмун шуд.
Ба озмун 155 асар аз 11 кишвар, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Украина ва Эстония пешниҳод шуданд. Ҳайати ҳакамони байналмилалӣ ба китобҳо аз рӯи 9 номина, аз қабили «Содружество» («Иттиҳод»), «Моястрана» («Кишвариман»), «Книга для детей и юношества» («Китоб барои кӯдакон ва наврасон»), «Наш современник» («Ҳамзамони мо»), «Наука и жизнь» («Илм ва ҳаёт»), «Арт-книга» («Китоби бадеӣ»), «Отпечатано в Содружестве» («Дар Иттиҳод чоп шудааст»), «Гран-При» ва «Победа» («Ғалаба») баҳо гузоштанд.
Дар номинаи «Китоб барои кӯдакон ва наврасон» асари дигар аз Тоҷикистон–китоби осори мунтахаби Убайди Зоконӣ, ки аз ҷониби муассисаи табъу нашри «Маориф ва фарҳанг» чоп гардидааст, низ ғолиб дониста шуд. Дар ҳар номина ғолибон муайян гардида, чанде пеш бо дипломҳо сарфароз гардонида шуданд.