
Рӯзи 15 августи соли равон ҳайати коршиносони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо бо коршиносони байналмилалӣ зери роҳбарии директори Институти байналмилалии тадқиқотии Осиёи Марказӣ Дмитрий Воякин мулоқоти корӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукаш иттилоъ дод.
Миёни ҷонибҳо гуфгугӯи самимӣ сурат гирифта, масъалаи коркард ва пешбурди номинатсияи «Ҳулбук — Пойтахти Хатлони Қадим» ва ворид намудани он ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.