Аз 14 то 18 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе “Бозиҳои XVI-уми Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” баргузор мегарданд.
Тавре Марям Холиқзода, корманди бахши матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Мирсаиди Хайрулло хабар дод, масъули баргузории чорабинӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи қарори Шӯрои Сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 18 декабри соли 2020, чорабинии мазкур бахшида ба эълон гардидани «Соли ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангӣ дар ИДМ» ва 20-солагии “Бозиҳои Делфийи ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” доир мешавад.
Мақсад аз баргузории чунин чорабинии фарҳангии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии шоистаи фарҳангу санъати миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва тарғиби беҳтарин дастовардҳои фарҳангу санъати тоҷик мебошад.
Ин як навъи озмуни фарҳангӣ буда, миёни ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Он аз руйи номинатсияҳои фортепианонавозӣ, скрипканавозӣ, сурудхонии халқӣ, сурудхонии эстрадӣ, рақси халқӣ, санъати ошпазӣ, навохтани асбобҳои халқӣ, ҳунарҳои бадеӣ сурат мегирад.