Забони точикӣ яке аз забонҳои қадимтарин дар минтақа маҳсуб меёбад, ки тибқи пажуҳиши забоншиносон рушд ва инкишофи он дар асрҳои 7-8 оғоз ёфт. Бо ин забон адибони машҳури форсизабон Дақиқӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва садҳо адибону донишмандон асарҳои гаронарзише таълиф намуданд, ки дар имтидоди таърих барои омӯзиш ва рушди донишмандони тамоми кишварҳои ҷаҳон ба кор рафтаанд.
Забони тоҷикӣ ба унвони як забони ғанӣ пурнуфузтарин дар минтақаи Осиёи миёна ҳамчунон барои давлатдориҳои гуногуни қавму ақалиятҳои турку арбу муғулу шайбонӣ ва дигарон хидмат кардааст. Ҳамчунин таърихномаҳои зиёд ва бузурге бо ин забон таълиф ёфтаанд. Новобаста ба бузургӣ ва қадимии ин забон ва нуфузи он таи садсолаҳои охир дар қисматҳои гуногуни минтақа фишорҳое сари истифодабарндагони ин забон ба миён омад, ки мисоли равшани он имрӯзҳо дар ҷумҳурии ҳамсояи Афғонистон аз сӯи гурӯҳи толибон сари тоҷиктаборон аст.
Дар робита ба қудомати торихӣ ва нуфузи забони тоҷикӣ дар минтақа ҳамкори мо Зарангези Маҳмадулло бо профессор Сайфиддин Назарзода, забоншинос, доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фишурдаи онро пешкашатон месозем:
Устод Назарзода бигӯед, ки решаи забони тоҷикӣ ба куҷо мерасад ва чи хел як забони бою ғанӣ ва пурнуфуз дар минтақа гардид?
— Хонаводаи забонҳои эронӣ ба ду гурӯҳи калон тақсим мешаванд, гурӯҳи ғарбӣ ва гурӯҳи шарқӣ ва дар гурӯҳи ғарбӣ забони тоҷикӣ, форсию дарӣ, забони курдӣ, балуҷӣ ва як силсила забонҳо ва лаҳҷаҳое, ки дар Эрон алан ривоҷ доранд ва як қисми онҳо дар қисмати Қафқоз вуҷуд доранд, ки ин забонҳо, ин забонҳо ба гурӯҳи забонҳои ғарбӣ дохил мешаванд. Дар баробари ин дар гурӯҳи хонаводаи забонҳои эронӣ гурӯҳи шарқӣ ҳам вуҷуд дорад, ки ҳамин забони пашту яке аз ин гурӯҳи забонҳои шарқӣ аст. Ҳамчунин дар баробари забони паштунӣ ба гурӯҳи забонҳои шарқӣ дохил мешаванд, забонҳои бадахшонӣ, забони яғнобӣ, осетинӣ ё ки осиё-аланӣ дохил мешаванд.
Ин забонҳои шомили як хонавода аз рӯи кадом хусусиятҳояшон ба шарқӣ ва ғарбӣ тақсим мешаванд?
Инҳо хусусиятҳои хоси худро доранд, масалан калимаи “по” ё “пой”-яке аз калимаҳои қадимтарини забони тоҷикӣ мебошад, ки аз давраи бостон то ба ҳамин рӯз густариш ёфта омадааст, агар дар забонҳои гурӯҳи ғарбӣ “под”, “по” шуда бошад, дар гурӯҳи забонҳои ғарбӣ “фад” шудааст, яъне “п” ба “ф” табдил шудааст, ин як хусусияти он аст, аз дигар ҷиҳат гурӯҳи забонҳои шарқӣ бо як идда хусусиятҳои хоси дигари худ аз забонҳои эронии ғарбӣ фарқ мекунанд. Яке аз вижагии дигари ин забон овози “ц” аст, ки мо дар забони точики, забони форси-дари мо надорем, имруз дар забонҳои шарқӣ-эронӣ боқӣ мондааст, масалан, паштуҳо “чор”-ро “ “цалур” мегӯянд ва ё ки “панҷ”-ро “пинза” мегӯянд, яъне хусусиятҳои хоси овозӣ доранд, ки аз давраҳои қадим то ба имрӯз густариш ёфта омадааст. Дар бисёре аз забоҳои шарқие, ки имрӯз дар қаламрави Эрони таърихӣ амал мекунанд, аксари онҳо аз байн рафтаанд, масалан: забони суғдӣ, қисман забони бохтарӣ, забони хоразмӣ — ин забонҳои бузурги шарқӣ буданд, ки баъдан ҷои онҳоро забони форсӣ гирифт. Ин ду гурӯҳ боз дар дохили худ ба гурӯҳҳои дигар ҷудо мешаванд, ки инҳо ҳам хусусиятҳои махсуси худро доранд.
Решаи забони пашту аз куҷо ибтидо гирифт?
— Забони пашту як забоне ҳаст, ки решаи баромади он то ба ҳол он қадар равшан нест. Баъзеҳо тахмин мекунанд, ки ҳамон гурӯҳҳои саккоие, ки то ибтидои ҳазораи мо ба ҳамин минтақа сарозер шудаанд, баъзе онҳо дар пушти кӯҳи Сулаймон монданд ва дар ҳамин пушти куҳи Сулаймон ҳамин забони пашту ривоҷ ёфт. Забони пашту имрӯз бештар дар Покистон ривоҷ дорад ва дар қисматҳои Афғонистон, ки ривоҷ дорад онҳо баъдан омадаанд, зеро мо намунаҳое дорем, ки дар давраҳои пешин ин ҷое ки имруз паштуҳо сокин ҳастанд, форсӣ ё ки забонҳои дигар вуҷуд доштанд, вале ба ҳар ҳол ин забон як забони эронӣ ҳаст ва аз бародарони мо ҳастанд ва албатта он чизе ки имрӯз дар Афғонистон аст, як масъалаи дигар аст.
Чаро ин забон якбора ва сареан рушд пайдо кард?
— Инҳо ки як қисмати бузурги Покистонро, қисмати қабоил ташкил медиҳад, ки онро имрӯз бо номи Паштунистон ёд мекунанд. Аслан ватани паштуҳо дар ҳамин минтақа буд, вале фарз кардем, ки агар мо шаҳри Пешоварро бигирем, шаҳри Пешовар баъдан шаҳре шуд, ки ба забони пашту табдил ёфт. Дар ин ҷо вақте, ки пойтахти Ғазнавиён буд, мо ҳам намунаҳои хеле зиёди адабию фарҳангӣ дорем, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ аст. Асоси зиёд шудани аҳолии Паштунистонро аз даврае, ки намояндаи паштуҳо Аҳмадшоҳи Дурронӣ аз Нодирхон ҷудо шуда давлати худро ташкил кард, аз ҳамон давра оҳиста-оҳиста инҳо ривоҷ пайдо карданд. дар охири қарни XIX ва ибидои асри XX дар ҳамин кишваре, ки акнун Афғонистон ном дорад, дар ҳамон давра дар байни зиёиҳои Афғонистон, махсусан дар байни зиёиҳои паштуҳо – масалан намояндаи фаъоли онҳо Муҳаммад Тарзӣ буд, ки бо шоҳ хешовандӣ дошт ва хеле ақидаҳои демократӣ ҳам дошт, вале дар мавзӯи забон, дар мавзӯи миллат бисёр миллатпарасти тарафи паштуҳо буд. Бинобар ҳамин дар ҳамон давра ҷараёни “панпаштунӣ” пайдо шуд, ки Муҳаммад Тарзиию чанд нафари дигар роҳбарии онро ба уҳда доштанд ва инҳо албатта ду давраро аз сар гузаронданд, як давра то соли 1910 ва давраи дигар то ба сари қудрат омадани Амонуллохон ва инҳо буданд, ки ҳамин ҷараёни пуштугардонии ҷомеаи Афғонистонро оғоз карданд. ҳамин шуд, ки онҳо забони паштуро забони давлатӣ қарор доданд ва забони тоҷикӣ, ки як забони аз ҳама дорои донандагони сершумор буд маҳдуд сохтанд. Аммо ҳоло ҳам дар Афғонистон забони тоҷикӣ – забони аксарияти мардуми инк ишвар аст. Ҳамон давра ҳам аксарияти мардуми кишвар бо ҳамин забон ҳарф мезаданд.
Паштуникунонӣ дар миёни ақвоми Афғонистон чӣ гуна пеш мерафт?
— Як сабаби асосӣ ҳамин шу, ки вақте ки империяи Россия бо империяи Англия дарёи Омуро марзи манфиатҳои ҳарду қарор доданд, як бахши бисёр муҳими аморати Бухоро, ки тоҷикзабон буданд, ба ҳукумати Афғонистон илҳоқ гардид. Дар ҳамин давра боз ҷангҳои босмаҷигарӣ сар шуду дар аморати Бухоро боз ҷангҳои истиқлолхоҳӣ давом дошт, вақте ки босмачиҳо ба ном минтақаи шимоли Афғонистон рафтанд дар онҷо онҳо як гурӯҳи калон шуданд ва дар онҷо онҳо ҳатто сиёсатро ба роҳ монданд. Аммо Афғонистон ба қисмати шимол қувваҳои низомии худро фиристод ва аз ҳама муҳим баъзе қабилаҳои паштуро ба қисмати шимол муҳоҷир карданд. яъне вақте ки диданд, ки дар ин миқтақа тоҷикҳо хеле зиёд ҳастанд ва барои он ки онҳо камтар шаванд ва ба худи паштунҳо таалуқ бигирад, якчанд қабилаҳои паштуро ба қисмати шимол оварданд. Афғонистон аслан ҳамчун як кишваре бо номи Афғонистон дар охири қарни XIX ва ибидои асри XX шакл гирифтааст ва дар шаклгирии ин кишвар нақши тақсимоти империалистии байни империяи Россия ва империяи Британия хеле бузург аст. Аз тарафи дигар то соли 1832 забони тоҷикӣ дар Ҳиндустон забони давлатӣ буд ва соли 1832 англисҳо ба ҷои забони тоҷикӣ, забони англисиро ҷорӣ карданд.
Забони урду кай ба миён омад дар минтақаи Покистон ва байни паштуҳо?
— Забони урду ин забони артиши Бобуршоҳ ва боқимондагони он аст. Артиш аввал ҳама ба тоҷикӣ суҳбат мекард ва оҳиста-оҳиста дар ҳамин байн як забоне пайдо шуд… Урду – яъне лашкар! Урду- яъне артиш! Ин забоне ҳаст, ки сохти грамматикии он ҳиндӣ аст, бахши вожагони он тоҷикию форсию, туркию, арабию ва ғайра. Вақте ки Покистон истиқлол пайдо кард, аввал покистониҳо хостанд, ки забони форсиро забони давлатӣ қарор диҳанд, вале дар баҳси байни Эрону Покистон кор ба ҳамин кашида шуд, ки забони урдуро забони давлаӣ қарор доданд. Дар ҳамин ҳол забони тоҷикие, ки бархоста аз Балхи бостон аст, бархоста аз Ҳирот аст, аз Ғур аст, аз Самангон аст, мо чӣ тавр метавонем имрӯз хомӯш истем ва як тудаи бефарҳангу бетамаддун омада мардуми тоҷикро аз хонаҳояшон пеш мекунанд ва ё мекушанд.
Равшан аст, ки бузургони тоҷик ё форсизабон дар тӯли таърих бо осори қимматбаҳояшон шуҳратманданд, аммо имруз мардуми паштуро бо чӣ мешносанд?
— Мардуми паштан аслан аз асрҳои 15-16 ба ин тараф шоиру нависанда доранд, инҳо як мардуми эронитаборанд. Албатта он толибоне, ки имрӯз омаданд, ҳуҷум кардан ва ба харобкорӣ даст мезанад, онҳо намояндагони мардуми пашту ҳастанд, ман фикр намекунам, ки аксарияти паштунҳо онҳоро дастгирӣ кунанд. Ман хеле шубҳа дорам аз ин, кадом мардум ватани ороми худро мегузораду меравад. Албатта миллатгароӣ, қавгароӣ хусусиятҳои хоси худро дорад, аммо он чизе ки имрӯз дар Афғонистон мардуми тоҷик ҳамроҳи узбектаборҳо, ҳамроҳи ҳазораҷот ва дигарҳо мекунанд, ман фикр мекунам дер ё зуд натиҷаи худро медиҳад. Ҳаркасе ки ба як ватан ҳуҷум мекунад ӯ истилогар аст. Имрӯз толибон барои қисмати шимол, барои маркази Афғонистон истилогар ҳастанд. Инҳо бояд шикаст хуранд. Албатта дар ин кор як роҳбари бисёр ҷасур мутаҳид шудани мардуми тоҷиктабори Афғонистон дар атрофи он аст.
— Ташаккур!
Зарангези МАҲМАДУЛЛО,
«Овози тоҷик»