Имрӯз, 15 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Россия» доир гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои он миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Россия дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак ва хизматрасонӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Дар ин бора Муътабар Носирова, мухбири бахши русии радиои «Овози тоҷик» иттилоъ дод.
Дар кори форум Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Дмитрий Волвач, намояндагони ҳукумат, вазорату идораҳо, доираҳои корӣ, коршиносон ва таҳлилгарон иштирок намуданд.
Зимни форум ҷонибҳо имконияти сармоягузории Тоҷикистон ва Россияро муаррифӣ намуда, ташаббус ва моделҳои нави ҳамкории сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар доираи форум роҳбарони вазорату идораҳои соҳавӣ, соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои бонуфузи ҳарду ҷониб соҳаҳои афзалиятноки қобили таваҷҷуҳро муаррифӣ карданд.
Мақсад аз баргузории форум- ин густариши ҳамкории тиҷоративу сармоягузорӣ, инчунин муаррифии имконияти сармоягузорӣ мебошад.