Соати 11:50-и ҳамин рӯз Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон бо истифода аз ҳама намуди аслиҳаи вазнини ҷангӣ ҷониби дидбонгоҳи сарҳадии «Сарҳадчӣ»-и Отряди сарҳадии «Лахш»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд. Дар ин бора маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Новобаста аз мувофиқаи бадастомада имрӯз ин сеюмин ҳуҷуми мусаллаҳона ва тирпаронӣ ба сӯи мардуми осоиштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз аст.
Ҳолати мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фармондеҳони алоҳида ба ситоди марказии Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон итоат намекунанд.