Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Абдумаликзода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ, ноиби ректори Академия оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа Аҳмадзода Зулфия Кабир, вакилони шаҳрӣ, фаъолзанон ва хизматчиёни давлатӣ иштирок намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар иброз намуд, ки дастгирии занон, баланд бардоштани мақому манзалати онҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои иштироки фаъолонаашон дар идоракунии давлатӣ аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, саҳми занони соҳибтаҷриба ва ташаббускорро дар рушди пойтахт ва татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат муҳим арзёбӣ намуд.
Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Абдумаликзода доир ба татбиқи сиёсати давлатии гендерӣ ва баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа суханронӣ намуда, баргузории чунин озмунҳоро воситаи муассири муаррифии дастовардҳо ва имкониятҳои касбии занон арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занон ва дастгирии ташаббусҳои онҳо ба таҳкими мавқеи зан дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд.
Иброз гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои муаррифии таҷрибаи пешқадам, таҳкими малакаҳои роҳбарӣ ва ҳавасмандгардонии занони хизматчии давлатӣ бағоят муҳим аст.
Дар қисмати ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуданд, дипломҳо ва туҳфаҳо, инчунин ба иштирокчиёни фаъоли озмун сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд. Қадрдонии иштирокдорон нишонаи эҳтиром ба заҳмату талошҳо, масъулиятшиносӣ ва фаъолияти касбии занони хизматчии давлатӣ буда, барои боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулият, ташаббускорӣ ва ҳавасмандии онҳо дар фаъолияти минбаъда мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки озмуни “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” соли чорум аст, ки дар миқёси кишвар баргузор гардида, ба яке аз иқдомҳои муҳимми ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии занони хизматчии давлатӣ табдил ёфтааст. Баргузории пайвастаи он ба баланд бардоштани мақому манзалати занон дар низоми хизмати давлатӣ, дарёфти кадрҳои болаёқату соҳибтаҷриба, рушди малакаҳои касбӣ ва роҳбарии онҳо, инчунин ҷалби бештари занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда мусоидат хоҳад кард



