29 октябр дар толори мудаввари бинои Парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Барои иштирок дар форуми мазкур Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбаева, Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай, Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова ва муовини якуми Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Медербек Алиев бо ҳайатҳои расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Қабл аз оғози ҷаласа Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар толори даромадгоҳи бинои Маҷлиси Олӣ меҳмонони олиқадрро як-як самимона истиқбол гирифта, дар ҳамин ҷо маросими аксбардории якҷояи роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид.
Сипас, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба кори ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ ифтитоҳ бахшида, суханронӣ намуданд.



