
Айни ҳол дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндаҳои корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва намояндагони васоити ахбори омма брифиинг дар бораи натиҷаи ҳамлаҳои мусаллаҳонаи сарҳадбонони қирғиз ба маҳаллаи аҳолинишини наздимарзӣ ва вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷараён дорад. Дар ин бора Тоҷиддини Ризвон, мухбири радиои «Овози тоҷик», ки дар ин чорабинии иттилоотӣ ҳузур дорад, хабар дод.
Ба иттилои мухбир, зимни бриффинг зикр шуд, ки хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон давоми 3 рӯз бо идома додани амалҳои иғвоангезона ва таҷовузгаронаи худ нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба талаботи созиши оташбасро вайрон намуда, деҳаҳои наздимарзии шаҳри Исфара ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Лахшро мавриди ҳамлаи мусаллаҳонаи такрорӣ ва тирборон аз ҳама гуна навъи силоҳҳои вазнин қарор доданд.
«Мо чанд соат пештар огощ шудем ки шаҳрвандони Тоҷикистонро дар шаҳру ноҳияҳои ҳудуди Қирғизистон, аз ҷумла Бишкек, ки онҳо он ҷо кору таҳсил доранд, лату кӯб мекунанд ва ба ҷойҳои номаълум бурда шиканҷа менамоянд. Инро ҳам бояд таъкид кард, ки имрӯз ҷониби Қирғизистон худро мазлум ва Тоҷикистонро ҳамлагар ҷилва дода истодааст. Аммо, ин дар ҳолест, ки қирғизҳо барои ин ҳуҷумҳои мусаллаҳона аз қабл омодагӣ гирифтаанд, — гуфт Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба зикри муовини вазир, ҷониби Қирғизистон бештар ба маконҳои ҷамъиятии кишвари мо зарба задааст, аз ҷумла ба чанд мактабу масҷид тариқи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва техникаи вазнини ҳарбӣ ҳамла карданд, ки дар натиҷа 41 нафар кушта шуд. “Ин рақам ниҳоӣ нест, зеро захмиён ҳастанд. Таҷовузи дигари онҳо дар тарконидани мошини “Ёрии таъҷилӣ” баръало ҳувайдост, ки дар натиҷаи он нақлиёт бо тамоми мусофиронаш сӯхта хокистар шуд”.
“Ҷониби Қирғизистон созишномаҳои оташбасро, ки қаблан дар натиҷаи музокирот қабул шуда буданд, рад карда, ҳамеша онро дидаю дониста вайрон мекунад. Аз ҷумла, дар 12 соли охир 230 ҳолати истифодаи яроқи вазнин аз ҷониби қирғизҳо сабт шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикстон барои пешгирӣ кардани чунин ҳодисаҳо чандин бор аҳолии минтақаҳои наздимарзиро халъи силох карда, аз онҳо ҳатто милтиқи шикориро ҳам гирифт ва ин дар ҳолест, ки ҷониби дигар баръакс аҳолиашро яроқнок месозад. Инчунин, амали охирини ҷониби даргир, яъне манӯи интиқолу вуруди молу одамон тавассути сарҳади Қиргизистон далели ошкори нақзи протоколҳои имзошуда мебошад”, — таъкид кард Содиқ Имомӣ.
Дар маҷмӯъ, вазъияте, ки имрӯз дар марз аст, бисёр мураккаб аст. Аммо, новобаста ба ин, ҷониби Тоҷикистон ҳамеша аз хештандорӣ кор мегирад.