Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар озмуни имсола 94 нафар ғолиб гардида, чор нафари онҳо соҳиби Шоҳҷоиза шуданд.
Зимни ифтитоҳи маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки дар ҳақиқат довталабон китобҳои зиёди бадеиро мутолиа намуда, ҳазорон байтҳоро аз худ кардаанд, ки аз шунидани баромади онҳо дилҳо лабрези шодӣ ва фараҳ гардиданд.Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҳафтум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат баргузор мегардад.
Натиҷаҳои шаш соли баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ далели равшани таваҷҷуҳи рӯзафзун ба китоб ва дониш мебошанд.
Дар давраи солҳои 2019 то 2024 дар озмун 1 миллиону 153 ҳазору 616 нафар иштирок намуданд.
Аз ин шумора 772 ҳазору 923 нафар ё 67 фоиз занону духтарон мебошанд. Ин нишондиҳандаҳо бозгӯи онанд, ки озмун дар тарғиби дониш, рушди маърифати хонавода ва боло бурдани мақоми занону духтарон дар ҷомеа нақши муҳим дорад.



