Ба зикри Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷониби Қирғизистон дар ҳамлаҳои худ бештар ба маконҳои ҷамъиятии кишвари мо зарба задааст, аз ҷумла ба чанд мактабу масҷид тариқи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва техникаи вазнини ҳарбӣ ҳамла карданд.
«Дар натиҷаи ҳамлаҳои мусаллаҳона 41 нафар кушта шуданд. Ин рақам ниҳоӣ нест, зеро захмиён ҳастанд. Таҷовузи дигари онҳо дар тарконидани мошини “Ёрии таъҷилӣ” баръало ҳувайдост, ки дар натиҷаи он нақлиёт бо тамоми мусофиронаш сӯхта хокистар шуд”, — гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндаҳои корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва намояндагони васоити ахбори омма брифиинг дар бораи натиҷаи ҳамлаҳои мусаллаҳонаи сарҳадбонони қирғиз ба маҳаллаи аҳолинишини наздимарзӣ ва вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон доир шуд.
Тоҷиддини Ризвон,
«Овози тоҷик»