Имрӯз, 4 декабр дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” чорабинии фарҳангӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии маъюбон” баргузор гардид.
Чорабиниро муовини директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”,дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад иқбол Атоӣ оғоз намуда, зикр кард, ки дар Тоҷикистон ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои маъюбон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад. Ӯ таъкид намуд, ки иқдомҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷомеаи маъюбон, аз ҷумла, таъмини ҳифзи ҳуқуқ, фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагӣ ва ҷалби онҳо ба ҳаёти фаъол, аз амалӣ шудани сиёсати устувори иҷтимоӣ шаҳодат медиҳад.
Асадуллозода Алии Асадулло, директори Ташкилоти ҷамъиятии рушди иқтидори миллии маъюбон “Немат” дар мавзӯи “Шахсони дорои маъюбият дар фазои рақамӣ: имкониятҳо ва роҳҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ” ибрози андеша намуд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ ҳамоҳангсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи маъюбон тавзеҳ дода шуд.



