Аз 2 то 9 октябри соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад. Дар ин бора Мирзоолим Саидов, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоира Раҳимова, мухбири радиои «Овози тоҷик» иттилоъ дод.
Ба зикри Мирзоолим Саидов, рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрез доир гардида, барномаҳои ҳунарию эҷодӣ, намоишҳои ҷолибу дидании ҳунармандони бомаҳорати тоҷик пешкаши мардуми ин сарзамин мегардад.
«Ҷониби Тоҷикистон дар ин рӯзҳо барномаҳои ҳунарии устодони санъат, маҳфилҳои шеърхонӣ, намоиши либосҳои миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши аксҳову мусаввараҳоро манзури тамошобини кишвари Эрон мегардонанд»,-гуфт мавсуф.
Ба баёни Мирзоолим Саидов, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати адабиву ҳунарии иборат аз 55 нафар ҳунармандони варзида, аз ҷумла овозхонҳо Давлатманд Холов, Саидқул Билолов, Фурқат Саидзода, Бахтиёр Иброҳимзода, Раҳматулло Ҳошимов, Ақаназар Аловатов, Фирдавс Ҳошимов, Исмоил ва Давлат Назриевҳо; шоирони тоҷик — раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, шоирон Рустам Ваҳҳобзода, Озар Салим, Сурайё Ҳакимова; рассомони кишвар, бо ҳузури раиси Академияи мусаввирони Тоҷикистон Олим Рабизода ва саррасоми Театри давлатии академииопера ва балет Ҷамшед Холиқзода, инчунин, намоиши либосҳои миллии тарроҳи маъруф Хуршед Сатторов, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон бо намоишномаи «Дирафши Ковиёнӣ» аз рӯи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ таҳти роҳбарии вазири фарҳанги мамлакат Зулфия Давлатзода ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафарбар мешавад.