20 сентябри соли 2022 дар ш. Ню-Йорк, иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ бо Мубоҳисаҳои умумӣ таҳти раисии Президенти тозаинтихоби он Чаба Короши (намояндаи Маҷористон) ба кори худ шурӯъ кард.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок дорад.
Интизор меравад, ки Вазири корҳои хориҷӣ мавқеъ ва диди Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба мавзӯъҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ роҳҳалҳои он ироа хоҳад намуд.
Қобили зикр аст, ки кори иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ ҳар сол сешанбеи сеюми моҳи сентябр бо суханрониҳои Дабири кулли СММ, Президенти иҷлоси МУ СММ ва роҳбарони давлатҳои Бразилия ва ИМА ба кори худ оғоз намуда, то моҳи сентябри соли оянда идома хоҳад кард.