Имрӯз ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон бо роҳбарии ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров ҷиҳати иштирок дар барномаҳои идона ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф овард, иттилоъ дод хадамоти Раиси вилояти Суғд.
Дар доираи сафари меҳмонон дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ намоиши молу маҳсулоти вилояти Фарғона ташкил карда шуда, Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Фарғона гузаронида мешавад. Ҳамчунин, имрӯз дар шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров мулоқот намуд.
Дар мулоқоти дуҷониба гуфта шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳо- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ миёни минтақаҳои ду кишвар тавсеа ёфта, мубодилаи молу маҳсулот дар ҳоли афзоиш аст.
Зикр шуд, ки вилояти Суғд бо вилоятҳои Фарғона, Самарқанд, Ҷиззах, Намангон ва Тошканд ҳамкории хуби иқтисодӣ дошта, соҳибкорони тоҷику узбек дар амалисозии лоиҳаҳои муштарак фаъолона иштирок доранд. Соли 2021 мубодилаи молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Узбекистон 207,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар ҳашт моҳи соли равон ин рақам ба 197 миллион доллар баробар гардид.
Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки вилояти Суғд дорои имконоти фаровон буда, доираҳои соҳибкории ду тараф метавонанд дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла мубодилаи молу маҳсулот, ташкили корхонаҳои нав дар самти коркарди пахта, меваю консерва, истеҳсоли либос ва пойафзол ҳамкориро тақвият бахшанд.
Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров дар ҷараёни мулоқот фарорасии 31-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми тоҷик табрик гуфта, зикр намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ марҳилаи нави рушди муносибатҳо фаро расидааст. Ӯ аз густариши равобит миёни вилоятҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои тавсеаи ҳамкорӣ баён дошт.
Ҷонибҳо бо ёдоварӣ аз имконияти мавҷуда барои тақвияти ҳамкории иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуда, аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстона изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар назар аст, ки давоми рӯз мулоқоти намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони ду тараф доир шуда, ҷонибҳо баҳри таҳкими ҳамкорӣ мубодилаи афкор намоянд.