Имрўз дар Китобхонаи Милли Тоҷикистон ба муносибати посдошти рўзи ҷаҳонии устод Рўдакӣ ва рўнамоии асари арзишманди устод Саид Нафисӣба номи «Муҳити зиндагї ва аҳволу ашъори Рўдакӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои»Овози тоҷик», Малвинаи Хушқадам хабар медиҳад.
Дар ин чорабинӣ тамоми олимону донишмандон, муҳаққиқону рудакишиносони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш иштирокдорон дар бораи аҳаммияти шеъри устод дар ривољи забони тоҷикӣ-форсї ва нақши мондагори он дар рушди забон суханронӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки китоби Саид Нафисӣ ба номи «Муҳити зиндагї ва аҳволу ашъори Рўдакӣ» дар Париж чоп шуда, имсол дубора дар Тоҷикистон бознашр гардид.