Аз 8 то 10 сетябри соли равон дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи XXXVII-и Шӯро оид ба ҳамкории фарҳангӣ ва намоиши байналмилалии “ART EXPO”-и давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд. Дар ин бора Марям Холиқзода, корманди маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ додааст.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагон зери роҳбарии Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо дар ҳамоиш иштирок намуданад.
Аз рӯи барномаи ҷаласа Манучеҳр Шарифзода бо маърӯзаи пурмӯҳтаво дар мавзӯи раванди иҷрои “Тадбирҳои асосии ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2021-2025” баромад кард.
Ҳамзамон, дар ҷаласа намояндаи Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ” Камолиддин Сайфиддинов дар бораи рушди ҳамкориҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи мусиқӣ ва театр суханронӣ намуд.
Дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯро намоиши байналмилалии “ART EXPO” баргузор гардид, ки намояндагони Тоҷикистон директори Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М. Олимов” Сироҷиддин Ҷурахонзода ва корманди Вазорати фарҳанг Салима Каримова бо маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва осори рассомони тоҷик бо муваффақият ширкат карда, сазовори дипломи намоиш гардиданд.
Дар ҷараёни баргузории ҳамоиш Манучеҳр Шарифзода бо намояндагони давлатҳои аъзои ИДМ мулоқоту суҳбатҳои самимӣ доир намуд. Пас аз анҷоми чорабинӣ ҳайати Тоҷикистон бо фаъолияти муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Қазоқистон шинос гардида, ҷиҳати ҳамкориҳои фарҳангии минбаъда бо роҳбарони муассисаҳои давлатии консертии “Қазоқконсерт ба номи Роза Багданова”, “Астана Балет” ва “Астана Опера” мулоқотҳои судманд доир намуданд.