Имрӯз Сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Қатар д-р Аҳмад ал-Ҳамодӣ мулоқот намуд.
Сафир дар бораи идомаи иқдомҳои иғвогарона ва хасмонаи Қирғизистон дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва пайомадҳои фоҷиабори таҷовузи мусаллаҳонаи нерӯҳои ҳарбии Қирғизистон маълумот дод. Ба ҷониби қатарӣ далелҳои истифодаи нерӯҳои қирғиз аз аслиҳаи вазнин ва ҳавопаймоҳои бесарнишин бар зидди аҳолӣ ва сарҳадбонони тоҷик, қатли ваҳшиёнаи шаҳрвандони осоишта, тахриби масҷиду манзилҳо, муассиаҳои таълимӣ ва дигар иншооти муҳимми иҷтимоӣ пешниҳод карда шуд.
Дар рафти суҳбат, ки дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҳамчунин масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.