Даъвои бепояи баъзе донишмандон, ки ҳатто дар достони “Манас” дар тарҷумаи марҳум Аслам Адҳам вуҷуд надорад. Дар ҳеч ҷойи ин доостон ба миллати Хоникей ишор нарафтааст. Вале чаро мо дӯст медорем ба такрор онро бигӯему мояи ифтихор донем, ки ҳамсари Манаси қирғиз тоҷик буд. Донишманди тоҷик Абдуқодири Рустам, ки пештар ҳам ба ин мавзӯъ ишораҳо дошт, ҳоло бо далелҳои илмӣ ин даъворо рад кард.
АФСОНАИ ХОНИКЕЙ –ЗАНИ МАНАС
Дурӯғҳо дар шарҳу тафсири осори адабӣ зиёданд; баъзе аз онҳо умри чандинасра доранд ва бо он ки дурӯғ буданашон дигар ҷойи тардид надорад, ҳоло ҳам ин ҷову он ҷо такрор мешаванд ва иддае ҳам ба онҳо бовар доранд…… Барои намуна байти зайли Ҳофизро меоварам:
Ҳофизо, май хуру риндӣ куну хуш бош, вале
Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро
ки “дигарон” дар ин байтро “мурғе будааст (ба номи “дагар”) хуш месуруда ва бо сурудаш парандагони дигарро ба сӯйи худ ҷалб карда шикор мекардааст”, тафсир кардаанд. Дар ҳоле, ки “дигарон” дар байти шоир ҷуз ҳамон “қаҳрамон”-и риёкори ӯ – пири ҷоҳил ва шайхи гумроҳ касе ва чизе дигар нест.
Хуб бигзарем, ки сухан дар ин боб ба дарозо мекашад ва ба асли ҳадаф меоем.
Намедонам, маншаъи ин “кашф”, ки Хоникей – ҳамсари Манас аз достони ҳамноми қирғизӣ тоҷикдухтар аст, дар куҷост: дар Қирғизистон ва ё Тоҷикистон, намедонам бори аввал ин суханро кӣ гуфта! Вале баъдан ончунон такрораш карданд, ки ба вежа дар Тоҷикистон забонзади хосу ом шуда ва ҳатто боиси ифтихори бархе ҳамқавмони мо ҳам гардидааст……. Ва ман аслан намедонам сабаби ин ифтихори аблаҳона, ки тоҷикдухтаре зани фалорн шоҳ буда, чист? Чӣ ҷойи ифтихор аст, ки Рухшона зани Искандар буда, се зани амир Олимхон аз тоҷикони Файзободу Ҳисор буда ва зани паҳлавон Манаси қирғизҳо низ тоҷик буда?!
Вале тоҷик будани зани Манасро “интернасионалист”-ҳои тоҷику қирғиз хеле истифода карданд; Ҷомию Навоӣ рамзи дӯстии тоҷику ӯзбек буданд ва Манасу занаш –Хоникей рамзи дӯстии ҷовидони тоҷику қирғиз, ки ба умқи асрҳо мерасад……
Ва аммо ин ки Хоникей – зани Манас тоҷик бошад, аз беху бунёд дурӯғ аст ва бофтаи замони шӯравӣ, ки ба дарди идеологияи дурӯғини дӯстии халқҳо мехӯрду бас…….
Ягона чизе, ки шояд нахусткашшофи тоҷик будани Хоникей иттико ба он кардааст, ин аст, ки ин духтар – духтари хони Бухоро будааст….. дигар хеч далеле……
Аммо, бо он ки аҳолии Бухоро ва гирду атрофи он ҳама тоҷиканд, ба форсӣ (тоҷикӣ) гап мезананд, 1) пас аз Сомониён ҳеч хоне ва подшоҳе дар Бухоро тоҷик набудааст. 2)Манас тибқи пижуҳишҳои донишмандон воқеоти асрҳои 15-17-ро дар бар мегирад, ки дигар аз салтанати Сомониён дар Бухоро панҷ қарн сипарӣ шуда буд. 3) Хоникей духтари хон аст ва “хон” унвони ҳукмравоёни турку муғул аст; ва дар замони Чингизхон хеч касе ҷуз аз дудаи ӯ ҳақ надошт, ки худро “хон” биномад. Ба ин далел аст, ки Темури Ланг, ҷуръат накард худро “хон” эълом бидорад ва хешро “амир” хонд ва бо он ки домоди Чингизиён – гуракон (домод) буд, ифтихор ва иктифо мекард. 4) Падари Хоникей – хони Бухоро Темур ном дошт, ки хушбахтона, дар он замон эрониён, аз ҷумла тоҷикон фарзандони худро Темур наменомиданд. 5) Ниҳоятан Хоникей на “Хоннигоҳ” чунонки баъзе “донишмандони” тоҷик шарҳ доданд, “завҷаи хон” (яъне Манас) маъно доhfl…..
Хулоса, тоҷикдухтар будани Хоникей хеч асосе надорад ва дурӯғе беш нест. Ва онро набояд такрор кард….
Абдуқодири Рустам. Аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук.