Аз замонҳои пеш омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва забондонӣ дар миқёси олам аҳамияти хоса дошту дорад ва аксарияти сиёсатмадорони аршад низ ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир мекунанду муҳимияташро таъкид. Зеро забондониро яке аз роҳҳои пешрафти ҷамъият ва василаи муаррифии имкониятҳои давлат медонанд. Ҳамин аст, ки дар асрҳои зиёд донишмандони мо дар баробари хуб донистани забони хеш забонҳои халқҳои дигарро низ меомӯхтанд. Аксари бузургони миллати мо чандин забон ва хатти миллатҳои дигарро аз худ карда, бо он забонҳо асарҳои оламшумулу соҳибнуфузи илмӣ, адабӣ ва бадеӣ эҷод кардаву осори мондагори он халқҳоро барои хонандаи тоҷик тарҷума намуда, бо ин роҳ аз рӯзгори онҳо воқиф менамуданд. Ин раванд то ҳол аҳаммияти худро аз даст надода, балки муҳимияти забономӯзиву забондонӣ рӯз аз рӯз вусъат ёфта истодааст.
Кишвари мо низ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, сиёсати «дарҳои кушод»-ро ба роҳ мондааст. Бо дарназардошти баробармаърифатӣ метавонад бо дигар давлатҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монад. Имрӯз кишвари мо узви чандин созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Дар ин баробар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бархӯрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ қарор дорад. Ягона воситае, ки давлатро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояду фарҳанг, забон, маданият ва расму русуми тоҷикро ҳифз мекунад, ин донистани забонҳои хориҷӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳаминро ба инобат гирифта, таъкид намудаанд, ки «Дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар миёни кишварҳои пешрафтаи дунё хеле мушкил аст».
Дар пайи иҷрои ин таъкид ва дар роҳи муаррифии имконияту захираҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ Тиллохонова Аслигул Ширинҷоновна, тоҷикдухтар, зодаи Ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар Озмуни байналмилалии “Беҳтарин донандагони забони англисӣ ва забони арабӣ” дар дар Донишгоҳи “Ал-Азҳар”-и шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср ширкат намуда, дар миёни 43 давлати дунё соҳиби диплом ва ҷоиза гардид.
Неъмат Раҷабов, декани факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, зимни суҳбати телефонӣ бо Мирсаиди Хайрулло, мухбири радиои «Овози тоҷик» зикр кард, ки Аслия аз ноҳияи дурдасти Ишкошими Бадахшон ба Бохтар ба хотири таҳсил ва такмили забондониаш омад. Ӯ аз хурдӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ шавқ дошта, соли 2017 Донишгоҳи давлатии Бохтарро бо ихтисоси тарҷумони забони англисӣ хатм кард. Ҳамон сол Аслия дар шаҳри Вашингтони Амрико дар барномаи «Flex» иштирок карда, миёни 35 давлат ҷойи 3-юмро соҳиб шуда буд, ки ин оғози масири комёбиҳои ин духтараки куҳистонии забондон буд.
“Тавре ки мо иттилоъ гирифтем чанде қабл тариқи онлайн Озмуни байналмилалии забони англисӣ ва арабӣ баргузор шуда буд, ки дар он шогирди мо, хатмкардаи факултети забони англисӣ Аслигул Тиллохонова иштирок намуда, дар марҳилаи аввали сабқат ғолиб омад. Масъулони баргузории чорабинӣ ӯро ба шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср даъват карданд. Аслигул дар Донишгоҳи “Ал-Азҳар”-и шаҳри Қоҳира миёни 43 давлати дунё баромад намуда, соҳиби ҷоиза ва диплом гардид, ки ин ифтихори мо – аҳли факултету донишгоҳ, балки дастоварди тамоми мардуми Тоҷикистон аст” — гуфт Неъмат Раҷабов, декани факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав.
Исмоилҷон Муродов, омӯзгори кафедраи назария ва типпологияи забони аглисии факултети мазкур, ки давоми соли таҳсил ба Аслия аз ин фан дарс гуфтааст, зимни тамоси телефонӣ бо мо гуфт, яке аз шартҳои асосии дурнамои рушди ҳама давлатдории муосир он аз худ кардани забонҳои хориҷӣ мебошад. Донистани забонҳои хориҷӣ роҳи моро барои расидан ба комёбиву муваффақиятҳо кушода месозад. Забондонӣ шарти асосии ҷаҳондонӣ ва ҷаҳонишавии шахс аст. Зарурати дигари омӯзиши забонҳои хориҷӣ муаррифӣ кардани кишвар дар арсаи байналмилалист. Илова бар ин, донистани забонҳои хориҷӣ доираи кору фаъолияти ҷавононро ҷаҳонӣ намуда, ба онҳо имконият медиҳад, ки дар тамоми давлатҳо ва созмону ташкилотҳои дунё кору фаъолият намоянд. Аслигул низ дар даврони таҳсил ба нозукиҳои омӯзиши забони англисӣ бештар мароқ зоҳир карда, кӯшиш мекард, ки тавассути аз худ кардани луғат ва муколамма бо дигар забондонҳо нутқи худро равон кунад. Давоми дарсҳо ба ҳамсабақонаш кӯмак мекард ва фориғ аз дарс низ ба дигарон машғулият гузаронида, бо ин роҳ ҳам худаш забон меомӯхту ҳам дигаронро меомӯзонд”,-гуфт ин устоди Аслигул.
Исмоилҷон Муродов умед дорад, ки Аслигул дар оянда низ дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳарчи бештар кӯшиш ба харҷ медиҳад, то забондонию забономӯзии худро сайқал дода, дар муаррифии кишвари азизамон дар олам бештар саҳмгузор бошад.
Мирсаид САТТОРИЁН,
«Овози тоҷик»